Гармии беҳад ба кори фурудгоҳи пойтахт таъсир намерасонад

Имрӯзҳо вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо чораҳои алоҳида мебинанд. Тавре маълум аэродром (қисми дохили фурудгоҳ ки ба ҳавопаймоҳо хизмат расонида мешавад) майдони васеи бе дарахт аст, дар чунин рӯзҳои гармои тобистон аз дигар мавзеъҳо дида гармтар мешавад. Ба он нигоҳ накарда, ки рӯзона ҳарорати ҳаво баланд мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯзҳо вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо чораҳои алоҳида мебинанд. Тавре маълум аэродром (қисми дохили фурудгоҳ ки ба ҳавопаймоҳо хизмат расонида мешавад) майдони васеи бе дарахт аст, дар чунин рӯзҳои гармои тобистон аз дигар мавзеъҳо дида гармтар мешавад.

Ба он нигоҳ накарда, ки рӯзона ҳарорати ҳаво баланд мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои ба мавсими баҳору тобистон пешбинишуда ба ҳавопаймоҳо хизматрасониҳои рӯизаминӣ ва муҳандисиву техникӣ мерасонад.

Мувофиқи технологияи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорат чораҳои алоҳида дида мешавад, аз ҷумла бо назардошти баландшавии ҳарорати ҳаво вазни ҳавопаймоҳои боркаш кам карда шуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн дар соатҳое, ки ҳарорат мӯътадил мешавад ё шабона сурат мегирад. 

Аз хадамоти муҳандисӣ-техникии фурудгоҳ маълумот доданд, ки алъон дар нақшаи парвозҳои фурудгоҳи Душанбе вобаста ба баланшавии ҳарорати ҳаво дигаргуние ҷорӣ нашудааст, парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар ва боркашон мувофиқи ҷадвал сурат мегиранд. Дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорати ҳаво мутобиқи технологияи ҷорӣ чораҳои зарурӣ дида мешаванд.

Вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво аз ҷониби хадамоти ҷустуҷуӣ-садамавию наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои фурудгоҳ варақаи таблиғотии махсус иншо шуда, ки мавриди истифодаи ҳамаи сохторҳои фурудгоҳ қарор дода шудааст. Бо назардошти пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои садамавии вобаста ба гармо дар ҷойҳои алоҳидаи фурудгоҳ мошинҳои сухторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд, ҳамзамон фурудгоҳ бо Сарраёсати сӯхторнишонии ВКД ва «Маркази наҷот»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ алоқаи доимӣ барқарор намудааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.