Нашри акси тифли навзоди Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар Интернет

Пас аз чопи маълумот дар васоити ахбори умум дар бораи туйи издивоҷи овозхонони маъруфи ҷумҳурӣ Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар моҳи сентябри соли 2014, акси онҳо бо духтарчаи навзодашон дар Интернет интишор гардид. Имрӯз, 2 июл Фаридуни Хуршед дар саҳифаи фейсбукии худ акси ҳамроҳ бо Фарзона ва тифли навзодашонро гузошт . Бино ба маълумоти […]

Мавзуна Абдуллоева



Пас аз чопи маълумот дар васоити ахбори умум дар бораи туйи издивоҷи овозхонони маъруфи ҷумҳурӣ Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед дар моҳи сентябри соли 2014, акси онҳо бо духтарчаи навзодашон дар Интернет интишор гардид.

Имрӯз, 2 июл Фаридуни Хуршед дар саҳифаи фейсбукии худ акси ҳамроҳ бо Фарзона ва тифли навзодашонро

гузошт

.

Бино ба маълумоти ВАО духтарчаи овозхонон рӯзи 26 июн дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Қобили зикр аст, ки Фарзонаи Хуршед духтари овозхони шинохтаи кишвар Сурайё Қосимова буда, Фаридуни Хуршед фарзанди оҳангсоз Хуршед мебошад, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ барои Сурайё Қосимова ва сипас барои духтаронӣ ӯ – Шабнаму Фарзона оҳанг меофаридааст.

Тибқи маълумоти ВАО, соли 2014 Фаридун ҳамроҳ бо Шабнаму Фарзона дар маросими тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards дар Ню-Йорк ширкат варзида, ба ҷоизаи «Падидаи сол» ва Фарзона ба ҷоизаи «Беҳтарин овозхони Тоҷикистон» соҳиб шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.