Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ дар робита ба гармои шадид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита бо яку якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ бо интишори як зумра тавсияҳо аз мардум хостааст, онҳоро тӯли тамоми давраи гармо риоя намоянд. Аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ тавсия медиҳад , ки меъёри бехатари ҳарорат дар манзили истиқоматӣ нигоҳ дошта шавад. Ин меъёр набояд аз 32 дараҷа рӯзона ва 24 […]

ASIA-Plus



Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита бо яку якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ бо интишори як зумра тавсияҳо аз мардум хостааст, онҳоро тӯли тамоми давраи гармо риоя намоянд.

Аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ

тавсия медиҳад

, ки меъёри бехатари ҳарорат дар манзили истиқоматӣ нигоҳ дошта шавад. Ин меъёр набояд аз 32 дараҷа рӯзона ва 24 дараҷа шабона зиёд бошад.

Хуҷраҳои манзили истиқоматӣ муддати шаб ва субҳи барвақт шамол дода шавад. Гуфта мешавад, дар вақти гармӣ дар қисмати салқини хона хуфтану истодан тавсия дода мешавад.

Кӯча баромадан аснои гармии тоқатфарсо тавсия дода намешавад. Хамчунин зикр мегардад, ки кӯдаконро дар дохили автомобилҳои дар таваққуфгоҳ гузошташуда нагузоред. Бо оби сард оббозӣ кардан ҳам аз зумраи тавсияҳои вазорати тандурустӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон

огоҳ карда буд

, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.