Кормандони КҲФ ба ҷустуҷӯи сарбозони рус ҷалб нашудаанд

Наҷотбахшону ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи се сарбози пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки се рӯз қабл аснои тамрини саҳроии хизматчиён дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, ҷалб карда нашудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс»»  як манбаъ аз КҲФ иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, ба ҷустуҷӯи онҳо худи низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



Наҷотбахшону ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи се сарбози пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки се рӯз қабл аснои тамрини саҳроии хизматчиён дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, ҷалб карда нашудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс»»  як манбаъ аз КҲФ иттилоъ дод.

Ба қавли манбаъ, ба ҷустуҷӯи онҳо худи низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон машғуланд. «Ба КҲФ бо дархости пайвастан ба ҷустуҷӯи сарбозон касе муроҷиат накардааст»,-қайд кард сарчашмаи хабар.

Ҳамзамон, тибқи иттилои ТАСС, тақдири сарбозон алъон номаълум боқӣ монда, ҷустуҷӯи низомиён идома дорад. Тибқи маълумоти наҷотбахшон, фоҷеа 29-уми июн зимни тамринҳо дар дарё, дар ҳудуди машқгоҳи «Самбулӣ» рух додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.