Имкони ҷудо шудани 500 млн. $ ба БМТ аз ҷониби Чин

Дар мулоқоте, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода 1 июли соли равон бо ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Лю Тао ва коршиносон оид ба таҳлили барномаҳои ҳамкории ин бонк анҷом дод, масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, Дар […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоте, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода 1 июли соли равон бо ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Лю Тао ва коршиносон оид ба таҳлили барномаҳои ҳамкории ин бонк анҷом дод, масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, Дар оғози суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба меҳмонон изҳор дошт, ки вазъи макроиқтисодии мамлакат дар панҷ моҳи соли равон муътадил буда, бинобар зиёд шудани ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, афзоиш ёфтани пешниҳоди қарз ба субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ба андозаи 7 фоиз зиёд шудани даромад ба ҳар сари аҳолӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар қавитар гашта истодааст.

Мо ба ҳамкорони хитоии худ, ки пешниҳодоти моро ҳамеша дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ менамоем ва боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои судманд минбаъд низ густариш ёфта ба сатҳи нави баландтар мебароянд. Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар омодагии худро барои сари иҷро намудани уҳдадориҳои дар наздаш буда, изҳор медорад, гуфт Ҷ. Нурмаҳмадзода. Дар робита ба ин, барои дастгирии тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва соҳибкории хурду миёна иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар айни замон ба ҷалби тақрибан 500 млн. долл. ИМА қарзи дарозмуддати имтиёзнок ниёз дорад. Гуруҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон, ки маҳз бо мақсади пеш бурдани машваратҳо оиди ин масъала ташкил шуда буд, омодааст бо ҳамкасбони хитоии худ корро оғоз намояд.

Ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Лю Тао бо хушнудӣ изҳор кард, ки мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон ҳам муҳокимаи паҳлуҳои масъала оид ба ҷудо намудани қарз мебошад. Мо фикр мекунем, ки баъди муҳокима ва таҳлили тамоми паҳлуҳои ҳамкориҳои минбаъда имконияти воқейи бастани шартнома оид ба ҷудо намудани қарз ба маблағи 500 млн. долл. ИМА вуҷуд дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.