Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо ноиби Раиси Сейми (парламенти) Ҷумҳурии Лаҳистон Ежи Вендерлих ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар мулоқот бештар ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуруии Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки миёни парлумонҳои ҳарду кишвар гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд ва ташрифи гуруҳи дӯстии Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи мулоқоту вохӯрии Президентони Тоҷикистону Лаҳистон мебошад.
Зикр шуд, ки ба роҳ мондани рафту омади намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Лаҳистон ба кишварҳои якдигар барои боз ҳам густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонии мамлакатҳои мо мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кӯмак хоҳад кард.
Акрамшо Фелалиев изҳор дошт, ки таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд. Омили асосии ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақиятҳо барқарор ва таҳким бахшидани муносиботи миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам аз ҷумла Сейми Лаҳистон мебошад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Лаҳистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад.
– Парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд, – таъкид кард Акрамшо Фелалиев ва илова намуд, ки тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон шароити боз ҳам муносибтареро дар раванди тақвияти ин муносибот фароҳам хоҳад овард. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Лаҳистон дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст. Ин равобит дар руҳияи боварии байниҳамдигарӣ чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба сурат мегирад, ки барои ҳарду тараф манфиатбахш мебошад.
Дар мулоқот дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Лаҳистонро ба вуҷуд овардаанд..
Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои байни ду кишвар ва вазъи минтақа мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Ноиби Риси Сейми (парламенти) Ҷумҳурии Лаҳистон Ежи Вендерлих низ дар навбати худ хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварашон бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуда ва илова намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Лаҳистон ба шаҳри Душанбе баррасии масъалаи тақвияти ин ҳамкориҳо башумор меравад.
– Сафари гуруҳи дӯстии мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши таҷрибаи парламенти шумо дар самти таҳия ва қабули қонуну қарор ва дигар санадҳои аҳамияти дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалидошта мебошад, – таъкид карданд, намояндагони Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон.
Дар мулоқот ҳамчунин роҳбар ва аъзои гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон бо Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон Ҷурахон Маҷидзода, Исмонов Саидҷаъфар, Ашурова Гулбаҳор ва Равшан Раҷабов иштирок намуданд.



