Баррасии масоили густариши истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон

Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи “Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ширкат варзиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни кори мизи мудаввар таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ба иштирокчиёни он […]

ASIA-Plus



Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи “Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни кори мизи мудаввар таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ба иштирокчиёни он терминалҳои электронии ширкатҳои PAX Technology LTD, Verifone ва Ingenico-ро муаррифӣ намуданд.

Гуфта мешавад, инчунин, дар доираи чорабинии мазкур райъпурсии иштирокчиён гузаронида шуда, сабаб ва паҳлуҳои масъалаю мушкилоти татбиқи Қарори ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”муҳокима гардиданд.

Дар робита ба ин иштирокчиёни мизи мудаввар қайд карданд, ки барои минбаъд рушд намудани пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон  васеъ кардани шабакаҳои терминалӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ва дастрасии он ба аҳолӣ,  муайян кардани боҷҳои гумрукии имтиёзнок барои таҷҳизотҳои терминалии воридшаванда, муқаррар кардани андозҳои имтиёзнок барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи кортҳои пардохтӣ тавассути терминалҳо пардохтҳоро барои хариди мол ва хизматрасонӣ қабул мекунанд ва баланд бардоштани  дониши молиявии аҳолӣ зарур аст.

Аз ҷониби иштирокдорон қайд карда шуд, ки барои амалӣ кардани Қарори мазкур иштироки фаъоли ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз қабили Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон низ зарур мебошад.

Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ бояд корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро оиди ба таври васеъ истифода бурдани технологияи муосири пардохтӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ҷоннок намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.