Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Хидает Бишчевичро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, зимни вохӯрӣ М.Убайдуллоев саҳми ҳамсухбати худ дар рушди муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистонро шоиста арзёбӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои амният, мубориза алайҳи тероризим байнулмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд.
«Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоду Аврупо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назари судманд сурат гирифт», – гуфт манбаъ.





