Шаҳрванди Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар қаламрави вилояти Уляновски Русия гумонбар дониста мешавад.
Бино ба
маълумоти
сомонаи расмии прокуратураи вилояти Уляновск, парвандаи ҷиноӣ нисбати 9 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба фурӯши маводи мухаддир дар минтақа машғул будаанд, ба баррасии суд ирсол шудааст.
Гуфта мешавад, соли 2012 шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Эмомиддин Шамсов ва сокини 38-солаи шаҳри Уляновск Шуҳрат Қараев як иттиҳоди ҷиноятпеша таъсис дода, аъзои он ба интиқоли маводи мухаддири героин аз Тоҷикистон ба Русия ва фурӯши диатсетилморфин дар қаламрави ин вилоят машғул будаанд.
«Фурӯши маводи мухаддирро Ҷаҳонгир Абдуллоеви 25-сола, Руслан Аглямови 38-сола, Равил Юнусови 39-сола ва дигар аъзои гурӯҳ бидуни вохӯрии бевосита тавассути пинҳонгоҳҳо анҷом дода, барои гирифтани маблағ низомҳои интиқоли пул ба шахсони дигар истифода бурда мешудааст», – қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Шамсов ва боз ду аъзои гурӯҳ таҳти пайгарди қонунии байнидавлатӣ қарор дошта, мутобиқи айбномаҳои ба Қараев, Абдуллоев, Аглямов ва Юнусов пешниҳодшуда, ба онҳо ҷазои аз 5 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.





