Даргузашти дабири кулли ФФТ Ислом Маҳмадшоев

Имрӯз 23 июл дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Ислом Маҳмадшоев пас аз бемории вазнин дар синни 36-солагӣ аз олам даргузашт. «Дарки талаф додани чунин шахси хубу некдил бароямон хеле мушкил аст. Даргузашти Ислом Маҳмадшоев талафоти вазнин барои касонест, ки аз наздик бо ӯ ошноӣ доштанд. Хотираи неки ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо зинда хоҳад […]

Мавзуна Абдуллоева



Имрӯз 23 июл дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Ислом Маҳмадшоев пас аз бемории вазнин дар синни 36-солагӣ аз олам даргузашт.

«Дарки талаф додани чунин шахси хубу некдил бароямон хеле мушкил аст. Даргузашти Ислом Маҳмадшоев талафоти вазнин барои касонест, ки аз наздик бо ӯ ошноӣ доштанд. Хотираи неки ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо зинда хоҳад монд», – қайд мешавад дар ин робита дар сомонаи расмии ФФТ.

Маҳмадшоев Ислом Иззатуллоевич 1 майи соли 1980 дар Фархор ба дунё омадааст. Аз соли 1997 то соли 1997 дар сафҳои артиши Тоҷикистон адои хизмат кардааст. Маълумоташ олӣ буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст.

Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2004 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи байнулмилалӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Аз соли 2009 – ёвари дабири кулл ва аз соли 2012 – сардори шуъбаи байнулмилалии Федератсия. Санаи 2 июли соли 2013 дабири кулли ФФТ таъин гардид. Аз соли 2010 – комиссари Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) ва аз соли 2011 – комиссари Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА).

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд – 3 духтару 1 писар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио