Қотили Салоҳиддин Азизов ба ҳабси абад маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Маскав нисбати раҳбари гурӯҳи миллатгарои «Боевая организация русских националистов» (БОРН) Иля Горячев, ки аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад, ҳукм содир намуд. Хабарнигори РИА «Новости» аз толори суд дар ин робита иттилоъ додааст, ки суд ӯро мутобиқи моддаҳои «Одамкушӣ» ва «Гардиши ғайриқонунии аслиҳа»и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор эътироф […]

ASIA-Plus



Додгоҳи шаҳри Маскав нисбати раҳбари гурӯҳи миллатгарои «Боевая организация русских националистов» (БОРН) Иля Горячев, ки аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад, ҳукм содир намуд.

Хабарнигори

РИА «Новости»

аз толори суд дар ин робита иттилоъ додааст, ки суд ӯро мутобиқи моддаҳои «Одамкушӣ» ва «Гардиши ғайриқонунии аслиҳа»и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор эътироф намуда, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Ҳамчунин суд қарор кардааст, ки аз Иля Горячев ба нафъи модари антифашист Иля Ҷапаридзе, ки аз ҷониби аъзои ин гурӯҳ ба қатл расонида шуда буд, 5 млн. рубл рӯёнида шавад.

Хабаргузории

РБК

хотиррасон мекунад, ки маҳкумшуда дар панҷ куштор – қатли адвокат Станислав Маркелов, антифашистҳои шинохта Фёдор Филатов ва Иля Ҷапаридзе, узви гурӯҳи «Черные ястребы» Расул Халилов ва куштори шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов, ки сараш аз тан ҷудо шуда буд, даст дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.