Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо ёвари дабири кулли СММ



Рӯзи 28 июли соли 2015 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои башардӯстона хонум Кюнг-ва Канг баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот тарафайн оид ба баргузории ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона (Истамбул 2016), ки ин рӯзҳо (28-30 июли соли ҷорӣ) дар Душанбе баргузор  шуда истодааст, табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо, инчунин дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаро таҳти баррасӣ қарор доданд.

spot_imgspot_img

Популярное