Зимни нишасти хабарии рӯзи 30 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки аз ҳуқуқҳои тоҷикони маҳкумшуда дар Русия танҳо кормандони консулгариҳо ҳимоя карда метавонанд ва фақат онҳо ба ворид шудан ба муассисаҳои ислоҳии кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ доранд.
«Ман соли 2013 ба шаҳри Санкт-Петербург рафта будам ва дар муассисаҳои ислоҳии Русия он замон 4 ҳазор нафар маҳкумшудагони тоҷик сукунат доштанд, вале айни замон шумори онҳо то 7 ҳазор расидааст», – иброз дошт вай.
Ӯ қайд кард, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои ашҳрвандони Тоҷикистон ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад, ки ба ҷуз шаҳрҳои Уфа, Екатеринбург ва Маскав, дар шаҳрҳои Краснодар ва Санкт-Петербурги Русия низ консулгариҳои худро боз намояд.
«Барои озмоиш мо як корманди худро ба Екатеринбург фиристода, ӯ дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр фаъолият дорад ва мо ба гирифтани мақоми дипломатӣ барои ӯ муваффақ гардидем. Ин ба он хотир аст, ки ӯ ҳам аз муассисаҳои ислоҳӣ боздид карда тавонад», – иброз дошт Ализода.
Зимнан зикр гардид, ки маъмулан Омбудсмен баъди ба озодӣ баромадан ба маҳкумшудагон дар дуруст кардани ҳуҷҷатҳо кумак мекунад.



