Омбудсмен: Аз ҳуқуқи тоҷикони маҳкумшуда дар Русия танҳо консулгарӣ ҳимоя карда метавонад

Зимни нишасти хабарии рӯзи 30 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки аз ҳуқуқҳои тоҷикони маҳкумшуда дар Русия танҳо кормандони консулгариҳо ҳимоя карда метавонанд ва фақат онҳо ба ворид шудан ба муассисаҳои ислоҳии кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ доранд. «Ман соли 2013 ба шаҳри Санкт-Петербург рафта будам ва дар муассисаҳои ислоҳии […]

Меҳрангез Турсунзода



Зимни нишасти хабарии рӯзи 30 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки аз ҳуқуқҳои тоҷикони маҳкумшуда дар Русия танҳо кормандони консулгариҳо ҳимоя карда метавонанд ва фақат онҳо ба ворид шудан ба муассисаҳои ислоҳии кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ доранд.

«Ман соли 2013 ба шаҳри Санкт-Петербург рафта будам ва дар муассисаҳои ислоҳии Русия он замон 4 ҳазор нафар маҳкумшудагони тоҷик сукунат доштанд, вале айни замон шумори онҳо то 7 ҳазор расидааст», – иброз дошт вай.

Ӯ қайд кард, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои ашҳрвандони Тоҷикистон ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад, ки ба ҷуз шаҳрҳои Уфа, Екатеринбург ва Маскав, дар шаҳрҳои Краснодар ва Санкт-Петербурги Русия низ консулгариҳои худро боз намояд.

«Барои озмоиш мо як корманди худро ба Екатеринбург фиристода, ӯ дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр фаъолият дорад ва мо ба гирифтани мақоми дипломатӣ барои ӯ муваффақ гардидем. Ин ба он хотир аст, ки ӯ ҳам аз муассисаҳои ислоҳӣ боздид карда тавонад», – иброз дошт Ализода.

Зимнан зикр гардид, ки маъмулан Омбудсмен баъди ба озодӣ баромадан ба маҳкумшудагон дар дуруст кардани ҳуҷҷатҳо кумак мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.