Душанбеву Исломобод роҳҳои амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшударо баррасӣ карданд

Рӯзи 30 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федералӣ оид ба масъалаҳои вилоятҳо ва минтақаҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Қодир Балуч, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд. Бино […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федералӣ оид ба масъалаҳои вилоятҳо ва минтақаҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Қодир Балуч, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва роҳҳои татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи июни соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.