Прокуратураи генералӣ ҷой доштани парвандаи ҷиноӣ нисбати Кабириро рад кард

Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки айни замон нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудаааст. «Аммо аз рӯи далели қонунӣ будан ё набудани хусусигардонии беморхонаи сохтмонаш нотамом барои 500 кас дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Кабирӣ тафтишот ҷараён дорад», – иброз дошт ӯ. Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 […]

Аваз Юлдошев



Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки айни замон нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудаааст.

«Аммо аз рӯи далели қонунӣ будан ё набудани хусусигардонии беморхонаи сохтмонаш нотамом барои 500 кас дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Кабирӣ тафтишот ҷараён дорад», – иброз дошт ӯ.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар робита ба ташвишҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бобати ба ватан баргаштанаш изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад. «Нисбати ӯ ягон парвандае боз нашудааст», – гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Ёдрас мекунем, ки 

Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ 

таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, 

изҳор намуда буд

, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.

Рӯзи 16 июни соли равон нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» таҳти унвони

«Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ»

маводе ба чоп расонид, ки дар он раиси ҲНИТ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии қитъаҳои замин ва иншооти давлатӣ айбдор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.