Намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар Франкфурт

Барои дувумин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 12-ум то 16-уми феврали соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.   Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, ин марказ ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳи байнулмилалии […]

ASIA-Plus



Барои дувумин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 12-ум то 16-уми феврали соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.

 

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, ин марказ ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳи байнулмилалии Ambiente дар шаҳри Франкфурти Олмон ёрӣ мерасонад. Ин ёриҳо аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Имрӯз, 31-уми июл, дар як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе намояндагони эҳтимолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт бо роҳҳои омодагӣ ба намоишгоҳ ва иштироки фаъолу манфиатнок дар он  шинос шуданд. Намояндагони Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, ширкатҳои “Рухом”, “Умед”, “Суман”, “Мумтоз”, Ҷаҳоннек”, ва “Озара” дар давраи омӯзишӣ иштирок карданд. Дар он мушовири байнулмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ Габриэла Бёрде ширкаткунандагонро бо имкониятҳои бозорёбӣ ва равандҳои байнулмилалии тарроҳӣ, ҳамчунин, бо натиҷаҳои охирини иштироки ҳайъати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ шинос кард. Бону Бёрде, ки ба ҳайъати Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳи Франкфурт ёрӣ медиҳад, мегӯяд, “муштарак бо шарикони маҳаллӣ сари масъалаҳои интихоби маҳсулот ва беҳсозии он кор кардем ва иқтидори содиротии корхонаҳоро баҳогузорӣ намудем. Ширкатдорони давраҳои омӯзиширо бо намоишгоҳ, маҳсулоти қобили намоиш, ва роҳҳои дарёфту қабули фармоишҳо шинос кардем. Масъалаҳои ташкилотӣ, равандҳои тарроҳӣ, ва рушди тарроҳӣ, ҳамчунин, василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат низ дар маркази таваҷҷӯҳи мо буд”.

Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Бо ёдоварӣ аз иштироки қаблии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт дар моҳи феврали соли ҷорӣ, хонум Бёрде мегӯяд, “иштироки қаблӣ ба мо ҷанбаъҳои қавӣ ва заифамон, ва ҳамчунин, он сатмҳоеро, ки ба таваҷҷӯҳи бештар ниёз доранд, нишон дод. Он иштирок ба ҳайъати Тоҷикистон имкон дод, то пешниҳодҳои ширкатҳои рақибро биомӯзанд ва доир ба талаботи бозор дар мавриди тарҳи маҳсулот, сифат ва нарх маълумот пайдо бикунанд. Мо натиҷаҳои иштироки қаблиямонро таҳлил карда, умедворем, ки ин бор аз Франкфурт бо натиҷаҳои беҳтар бармегардем, ҳарчанд, иштирок дар намоишгоҳҳои касбӣ раванди дурударози роҳандозии тамосҳои устувори корӣ мебошад”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ сар аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон дар соли 2002 ҳамасола ба бахши хусусии мавриди таваҷҷӯҳаш барои роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ ба воситаи беҳтар кардани маҳсулот, амиқтар кардани донишҳои тарроҳиву бозорёбӣ, ва барқарор кардани тамосҳои байнулмилалӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат мерасонад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.