Авҷи бесобиқаи корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе

Давоми 6 моҳи аввали соли равон дар шаҳри Душанбе 119,95 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,5 баробар зиёдтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ 17 корхонаи нави […]

Аваз Юлдошев



Давоми 6 моҳи аввали соли равон дар шаҳри Душанбе 119,95 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,5 баробар зиёдтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ 17 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки дар онҳо 343 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Ба иттилои манбаъ, тӯли 6 моҳи соли 2015 дар корхонаҳои саноатии пойтахт ба маблағи умумии 622,55 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин ба андозаи 11,7% бештар мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра музди миёнаи меҳнати сокинони шаҳр каме бештар аз 1,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли пешин 8,7% зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.