Прокурори генералӣ: Тоҷики барои ДИИШ ҳалокшуда моҳе 100 $ музд мегирифт

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза бо ҳикоят аз тақдири як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Сурия ҷангидан рафтааст, овозаҳо дар бораи мукофотпулиҳои зиёд додани Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ба ҷангиёнро беасос унвон кард. «Дирӯз, 30 июл ман занеро ба ҳузур пазируфтам, ки ҳамроҳи шавҳараш муддати 1 сол дар Сурия ҳузур доштааст. […]

Аваз Юлдошев



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза бо ҳикоят аз тақдири як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Сурия ҷангидан рафтааст, овозаҳо дар бораи мукофотпулиҳои зиёд додани Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ба ҷангиёнро беасос унвон кард.

«Дирӯз, 30 июл ман занеро ба ҳузур пазируфтам, ки ҳамроҳи шавҳараш муддати 1 сол дар Сурия ҳузур доштааст. Ӯ ҳикоят кард, ки ҳамсараш дар сафҳои ДИИШ меҷангид ва барои ин моҳе 100 доллари ИМА музд мегирифт. Пас аз маҷрӯҳ шуданаш касе ба ӯ кумак накарда, ҳалок шудааст ва ин зан тариқи Туркия аз Сурия гурехта, бо ёри дипломатҳои тоҷик ба ватан баргаштааст», – иброз дошт Ю.Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, прокурори генералӣ қайд кард, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи фиреб ба сафҳои ДИИШ ҷалб шуда буданд, ба ватан бармегарданд ва танҳо рӯзи 30 июл 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нисбати тамоми шаҳрвандоне, ки ҷангиданашон дар Ироқу Сурия ошкор шудааст, парвандаҳои ҷиноӣ боз намудааанд, вале дар ҳамин ҳол аз шумори ин парвандаҳо маълумот дода нашуд.

Юсуф Раҳмон зикр кард, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 2 ҳазор сомонаҳои террористӣ ва ифротгаро қатъ шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Покурори генералӣ таъкид дошт, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар ин мақомот, фақат ҳамин моҳ ҳудуди 50 шаҳрванди кишвар дар сафҳои ДИИШ ҳалок шудаанд.

«Дар Ироқу Сурия аз 30 то 40 нафар занон аз Тоҷикистон низ ҳузур доранд, ки бо ҳамсаронашон рафтаанд ва агар онҳо ба даст яроқ нагирифта бошанд, нисбату онҳову кӯдаконашон парвандаи ҷиноӣ боз намегардад», – изҳор дошт Ю.Раҳмон.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар сурати ҳалок шудани ҳамсарони занон, ҳатто ба хок супурдани онҳоро мунтазир нашуда, маҷбуран занонро ба ҷангии дигар ба шавҳар медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.