Аудиторони Палатаи ҳисоб зиёни молӣ дар ҳаҷми 85 млн. сомониро ошкор карданд

– Тӯли ним соли ҷорӣ зимни санҷишҳои аудитории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҳаҷми 85 млн. сомонӣ зиёни молӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн. сомонӣ зиёдтар аст, – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯзаи ҷамъбасти нимсола раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода. «Ғайр аз ин, аз ҷониби аудиторони Палата […]

Пайрав Чоршанбиев



– Тӯли ним соли ҷорӣ зимни санҷишҳои аудитории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҳаҷми 85 млн. сомонӣ зиёни молӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн. сомонӣ зиёдтар аст, – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯзаи ҷамъбасти нимсола раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.

«Ғайр аз ин, аз ҷониби аудиторони Палата ба маблағи умумии 86,6 млн. сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатӣ ва ба маблағи 8,2 млн. сомонӣ истифодаи бесамари воситаҳо низ ошкор шуданд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми воситаҳои барқароршуда 18,4 млн. сомонро ташкил додааст, ки ба 21,8% аз ҳаҷми умумии зиёни молии расида баробар аст. «Аз ҷумла 14,2 млн. сомонӣ маблағҳо ба буҷети давлатӣ ва 4,1 млн. сомонӣ ба корхонаву ташкилотҳо баргардонида шуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.