Тӯли ним сол дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор масҷид баста шуд

Дар доираи санҷиши ҳолати риояи қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 32 масҷиди ғайрирасмӣ фаъолиятдошта баста шуда, биноҳои онҳо барои истифода ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ ё марказҳои фарҳангу фароғат қарор дода шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи санҷиши ҳолати риояи қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 32 масҷиди ғайрирасмӣ фаъолиятдошта баста шуда, биноҳои онҳо барои истифода ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ ё марказҳои фарҳангу фароғат қарор дода шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, давоми ним сол 109 шаҳрванди кишвар барои монеъа эҷод кардан ба таҳсили фарзандон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Прокурори генералӣ таъкид дошт, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ 468 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 46 чунин ҷиноят камтар аст.

Юсуф Раҳмон ба журналистон хабар дод, ки дар ин давра барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ (асосан порагирӣ) нисбати 2 корманди мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.