Боздиди президент аз намоишгоҳи ҳунарҳои миллии мардуми Бадахшон

Рӯзи 4-уми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Хоруғ аз шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Баъди истиқболи самимӣ дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 4-уми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Хоруғ аз шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Баъди истиқболи самимӣ дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои миллиро тамошо кард.

Намояндагони ҳамаи ноҳияҳои вилоят намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, маводҳои ороиширо аз сангҳои қимматбаҳо ба маъраз гузоштанд.

Гушаҳои алоҳидаи намоишгоҳ махсус ба ҳунарҳои қадимаи мардуми кӯҳистони Бадахшон бахшида шуда буд, ки дар он аз сангҳои ороишӣ сар карда, то таомҳои миллӣ, сару либос ва асбобоҳои мусиқию гиёҳҳои шифобахш пешкаш гардид.

Ҳамчунин дар гӯшаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар тариқи расму харитаҳо марказҳои фароғатӣ, таърихӣ, истироҳатгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш, гулгашту хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳои тамошобоб ба намоиш гузошта шуд.

Зимни шиносоӣ бо дастовардҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сокинон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, бо сифати баланд истеҳсол ва ба хориҷ содирот кардани меваҷот, обҳову гиёҳҳои шифобахш, бастабандии гиёҳҳо, тараққӣ додани соҳаи мурғпарварӣ, қутоспарварӣ, моҳипарварӣ, афзоиши саршумори бузҳои ангорӣ барои истеҳсоли пашму ришта ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди бахши занбуриасалпарварӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дод.

Дар намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят супориш дод, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон бояд тамоми шароит муҳайё карда шавад, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ аз сангҳои қимматбаҳо, омода кардани ҳамаи маводҳои иттилоотонӣ бо забонҳои хориҷӣ, тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба барои қабули меҳмонон аз кишварҳои хориҷ.

Дар рафти шиносоӣ аз намоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари дасти бонуҳои чирадаст, баромади ҳунармандон аз ансамблҳои оилавӣ,  дӯзандагони моҳир ва қолинбофон баҳои баланд дод. 

Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқ бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мулоқот кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.