Прокуратураи генералӣ изҳороти полковники ВКД «дар бораи мазҳаб»-ро месанҷад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфтаи намояндаи ВКД Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзодаро, ки рӯзи 3 июл назди ҳозирини намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе изҳор дошта буд, мавриди санҷиш қарор додааст.  Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза дар посух ба саволи журналистон оид ба ин масъала қайд кард, ки агар чунин амал сурат гирифта бошад, […]

Аваз Юлдошев



Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфтаи намояндаи ВКД Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзодаро, ки рӯзи 3 июл назди ҳозирини намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе изҳор дошта буд, мавриди санҷиш қарор додааст. 

Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза дар посух ба саволи журналистон оид ба ин масъала қайд кард, ки агар чунин амал сурат гирифта бошад, пас полковник ба ин гуна изҳорот аз номи қонун ё ҳукумат ҳуқуқ надошт. «Ба ҳар ҳол, мо ин далелро месанҷем», – гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.

Ёдрас мекунем, ки намояндаи ВКД Тоҷикистон Бароталӣ Ҳамидзода зимни суханронӣ назди ҳозирин дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе рӯзи 3 июл

изҳор намуда буд,

ки ҳамаи ибодаткунандагон бояд намозро то охир хонанд, вагарна нисбати онҳо чораҷӯӣ мешавад.

«Нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибу низомро риоя накарда, аз байни намоз хеста баромада мераванд, ҳамчун аъзои гурӯҳҳои ғайр дониста шуда, нисбат ба онҳо чораандешӣ мешавад», – гуфта буд номбурда.

Ҳамчунин намояндаи ВКД таъкид карда буд, ки аксари кулли мардуми мусулмони тоҷик бар асоси мазҳаби ҳанафӣ ибодат мекунанд ​ва бояд ба ин мазҳаб эҳтиром гузошта шуда, набояд ба ҳар гурӯҳу равия фирефта шуд ва ба номи дини мубини Ислом иснод овард, зеро ислом дини поку беолоиш ва ваҳдат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.