Шаш корманди БМТ «барои гуноҳҳо» замони фишори қурбӣ назди қонун ҷавоб мегӯянд

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши ахири аудитории Палатаи ҳисоб шаш корманди Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки пас аз ба вуҷуд омадани як вазъи номуайянӣ дар бозори асъори кишвар нимсолаи аввали соли равон, аудиторони Палата санҷиши фаъолияти БМТ […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши ахири аудитории Палатаи ҳисоб шаш корманди Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки пас аз ба вуҷуд омадани як вазъи номуайянӣ дар бозори асъори кишвар нимсолаи аввали соли равон, аудиторони Палата санҷиши фаъолияти БМТ дар ин самтро доир намуданд.

«Дар натиҷа маълум шуд, ки дар ин давра 37 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 16 бонки тиҷоратӣ ва 21 ташкилоти қарзии хурд аз Бонки миллӣ асъор харида, онро ба аҳолӣ мефурӯхтаанд. Ҳарчанд ин амал комилан қонунӣ бошад ҳам, ин ҷо ба як қатор қонуншиканиҳо, аз ҷумла рӯйпӯш кардани андозҳо ба маблағи 20 млн. сомонӣ роҳ дода шудаааст», – гуфт Давлатзода.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати 6 корманди Бонки миллӣ асноди дахлдор таҳия шуда, ба прокуратура ирсол гардидааст. «Албатта, дар навбати аввал мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки қонуншиканон зиёни расонидаро барқарор намоянд ва муроҷиат ба мақомоти дахлдор ниҳояти кор аст, аммо кормандони Бонки миллӣ зарари расонидаро ҷуброн карда натавонистанд», – таъкид дошт раиси Палатаи ҳисоб.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби аудиторони Палата ҳолатҳои сунъии боло бурдани қурб дар бозори асъор низ ба қайд гирифта шудааст. «Ҳангоми фишори қурбӣ дар бозори асъор кормандони Бонки миллӣ ба баъзе амалҳои нодуруст даст задаанд. Гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, мақомоти дахлдор тафтишот нисбати онҳоро идома медиҳад. Фикр мекунам, ки ҳар кадоме аз онҳо назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт», – қайд кард ӯ.

Д.Давлатзода таъкид дошт, ки дар саросари дунё Бонкҳои марказӣ ба муайян кардан ва танзими сиёсати пуливу қарзӣ машғуланд. «Аммо таҷриба нишон дод, ки дар мо Бонки миллӣ ба фурӯши асъор машғул аст», – иброз дошт вай.

Роҳбари Палатаи ҳисоб зикр кард, ки минбаъд санҷишҳо аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳамасола сурат мегиранд. «Ҳарчанд муддати чандин сол аудиторони байнулмилалӣ дар Бонки миллӣ санҷиш гузаронанд ҳам, вале ҳар як халқ хусусиятҳои вижаи худро дорад. Гуфтаҳои моро ҳамчун танқид қабул накунед, вале бисёр чизҳое, ки мо ошкор мекунем, аз назари аудиторони байнулмилалӣ дур мемонад», – чунин мешуморад ӯ.

Давлатзода хотиррасон намуд, ки санҷиши аудитории БМТ аз ҷониби Палатаи ҳисоб соли гузашта оғоз гардид. «Президент аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки Бонки миллӣ ҳар сол фаъолияти худро бо зиён ба анҷом мерасонад. Ӯ дастур дод, ки фаъолияти Бонки миллӣ муддати 5 сол санҷида шавад ва дар натиҷа зиёни молӣ дар ҳаҷми 13 млн. сомонӣ ошкор шуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.