Дастгирии ИМА аз рушди ВАО ва артиши Тоҷикистон

Сафири Иёлоти Муттаҳида Сюзан М. Эллиотт бо ҳамроҳии намояндагони Сафорати ИМА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ 27 июли соли 2015 дар машварати САҲА оид ба омодагии татбиқи масоили андозагирии инсонӣ иштирок дошт. Дар чорабинӣ вазъи кунунии риояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон муҳокима шуд.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни суханрониаш Сафир Эллиотт аҳамиятнокии ҳуқуқҳои инсонро дар озодии сухан дар ВАО, […]

ASIA-Plus



Сафири Иёлоти Муттаҳида Сюзан М. Эллиотт бо ҳамроҳии намояндагони Сафорати ИМА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ 27 июли соли 2015 дар машварати САҲА оид ба омодагии татбиқи масоили андозагирии инсонӣ иштирок дошт. Дар чорабинӣ вазъи кунунии риояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон муҳокима шуд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни суханрониаш Сафир Эллиотт аҳамиятнокии ҳуқуқҳои инсонро дар озодии сухан дар ВАО, хушунати оилавӣ, муҳоҷират ва амният дар қувваҳои мусаллаҳ қайд кард.

Сафир Эллиотт таъкид дошт, ки васоити ахбори оммаи озоду мустақил на мояи таҳдиди амният, балки ҳимоя зидди он мебошад. Сафир афзуд, ки ҳангоми шарҳи масоили амният бояд мувозинатро байни нигаронии асосдоштаи Ҳуқумат оид ба соҳаи амният ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин шудаанд, бояд нигоҳ дошта шавад. 

Инчунин Сафир тавсия дод, ки дастрасӣ ба ахбороти мустақил маҳдуд нашавад, чунки ин амал шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ахбороти бардурӯғи сиёсигардонидашуда аз дигар манбаҳо осебпазир хоҳад гардонид. Дар поёни сухан Сафир Эллиотт пешниҳод кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва ВАО фаъолона дастрасии шаҳрвандонро ба ахбороти мустақил бо мақсади коҳиш додани эҳтимолияти ахбороти бардурӯғ ва ҳавасмандкунии ин соҳа, ки он бештар мухталиф, рақобатпазир ва судбахш бошад, ҳифзу мусоидат намоянд.

Дар баромади худ Атташеи ҳарбии ИМА ҷаноби Сувари таъмини ҳуқуқҳои асосии аскаронро бо дарназардошти амнияти миллӣ муҳокима намуд. Ӯ ташвиқ кард, ки дар ҳаллу фасли шикоятҳо аз ҷониби аъзоёни қувваҳои мусаллаҳ муҳокимаи кушод истифода шавад ва макону имконияти пешниҳоди шикоят таъмин шавад, чунки ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои изҳорӣ норозигӣ дар ҳуқуқи аскарон барои пешниҳоди шикоят инъикос меёбад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ИМА ба ҳамаи давраҳои омӯзишии худ бо шарикони тоҷик қисми омӯзиши ҳуқуқҳои инсонро шомил мекунад.

Намояндагии ИМА дар Тоҷикистон тарафдори анъанавии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мебошад, ки он шарти зарур барои рушду инкишофи баробарҳуқуқи ҳар ҷомеа аст. Барномаҳои ёрирасони Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар принсипи муштарак асос ёфтааст, ки ҳар одам ҳуқуқ ба зиндагии шоиста бе поймолкунии ҳуқуқ ё зӯроварӣ дорад. 

Давоми 20 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо Ҳукумати Тоҷикистон, қувваҳои мусаллаҳ, ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ баҳри таъмини ҳурмати ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки демократӣ, ки барои рушди кишвари мустаҳкамтар зарур аст, ҳамкорӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.