«Интерпол»-и Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Имрӯз намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии полковник Самади Аббосӣ аз хадамоти «Интерпол»-и ин кишвар, полковник Алиризо Манучеҳри Ободӣ – сардори бахши омӯзиши байналмиллалии Донишгоҳи улуми  Эрон ва полковник  Муҳаммадсодиқи Маҷидӣ – муовини вобастаи низомии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Бюрои Марказии Миллии  «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии полковник Самади Аббосӣ аз хадамоти «Интерпол»-и ин кишвар, полковник Алиризо Манучеҳри Ободӣ – сардори бахши омӯзиши байналмиллалии Донишгоҳи улуми  Эрон ва полковник  Муҳаммадсодиқи Маҷидӣ – муовини вобастаи низомии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Бюрои Марказии Миллии  «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ боздид намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, меҳмононро сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол» подполковники милитсия Машрабзода Ҷамшеди Хол пешвоз гирифт.

Дар толори маҷлисгоҳ вобаста ба фаъолияти хадамотҳои «Интерпол»-и Тоҷикистону Эрон вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои марбут ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, роҳҳои пешгирии амалҳои ҷинояткорона ва дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба миёни хадамотҳои дахлдори ду кишвар, мубодилаи таҷриба ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

Пас аз вохӯрӣ, ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз  утоқҳои  кории кормандони БММ «Интерпол»-и Тоҷикистон дидан намуда, бо шароити кории кормандони ин ниҳод шиносоӣ пайдо намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.