Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои машваратии роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ (иҷроия), ки идоракунии захираҳои моддии давлатиро дар кишварҳои зви ИДМ амалӣ месозанд, доир мегардад;

– Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти Оркестри филармонии Чин баргузор мешавад. Оғоз соати 18-00. Нархи билет – 50 сомонӣ.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2602

сомонӣ;


1

евро –

6.8189

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1067

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1945

– Амрикоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ афканданд.


1961

– Парвози дуюми инсон ба кайҳон. Кайҳоннавард Герман Титов дар муддати 25 соат 17 маротиба кураи Заминро давр зад.


2001

– Бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияти ҳизби сиёсии «Адолатхоҳ» қатъ гардид.


2003

– Пас аз таваққуфи дусола Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Қазоқистонро дубора аз сар гирифт.


2004

– Роҳбари АНМН Ғаффор Мирзоев ба ҳабс гирифта шуда, пас аз се рӯз Прокуратураи генералӣ ба ин иҷозатномаи расмӣ дод. Бо фармони президент ба вазифаи директори АНМН боз Рустам Назаров таъин карда шуд.


2009

— Дар садамаи нақлиёт сардабири ҳафтавори «Зиндагӣ» Қурбоналӣ Хӯҷамов ба ҳалокат расид.


2011

– Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор гирифт.


1815

– Зодрӯзи таърихшинос ва табиатшиноси рус Александр Миддендорф.


1859

– Мавлуди геолог ва географи рус, муҳақиқи Қаротегин ва Дарвоз Якрв Эдельштейн.


1933

– Зодрӯзи журналист Бахтибек Асалбеков.


1953

– Мавлуди рассоми кино Манзура Ӯлҷабоева.


1941-2003

– Зодрӯзи оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Дамир Дӯстмуҳаммедов.


1952-2007

– Мавлуди журналист Имомназар Холназар.


1955

– Зодрӯзи журналист Ҷӯра Назрӣ.


1968

– Мавлуди рӯзноманигор Рустам Турсунов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +16+21, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +7+12, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +39+41.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +26+28.

spot_imgspot_img

Популярное