Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия



Аз 11 то 16 августи соли 2015 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, дар бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар – Москва ва Калининград баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вобаста ба муҳимияти чорабинӣ, барномаи ҳунарӣ бо ҷалби устодони санъат ва ҷавонони боистеъдод, ки ифодагари суннатҳои миллии тоҷикон, баёнгари назокати овозхонӣ, ромишгарӣ ва рақсҳои мавзуну дилхурӯш аст, таҳия гардидааст. Ба барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдаров, овозхонҳо Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов, гуруҳи рақсии «Базморо» ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ шомил гардидаанд. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ намоиши либосҳои муосиру миллии тарроҳ Хуршед Сатторов ва намоиши аксҳои Шуҳратҷон Ёров, ки инъкосгари урфу одат, манзараҳои зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлол мебошанд ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Тибқи барномаи баргузорӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 12 августи соли 2015 дар Кохи «Филармония-2» – и шаҳри Москва дар назар аст. 13 августи дар толори Театри давлатии “Ҳунарманди Синамо” –и шаҳри Москва ва 15 август дар шаҳри Раменское барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагон ва гуруҳи мутрибон ба нақша гирифта шудааст.

Таърихи 13 август гуруҳи рақсии “Базморо” ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ ба шаҳри Калининград сафар намуда, рӯзи 14 август барномаи ҷолибу рангиро ба сокинони ин шаҳри дурдасти Федератсияи Россия пешкаш менамоянд.

Ҳайатро муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Бунафша Одинаева сарварӣ мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное