Давраи омӯзишии USAID барои рӯзноманигорони тоҷик

Рӯзҳои 6-8 август Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои хабарнигорони телевизион, радио ва матбуот аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон давраи омӯзишӣ баргузор мекунад. Ин чорабинии серӯза дар ҳамкории зич бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» гузаронида мешавад. Зимнан 15 хабарнигор аз шаҳри […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзҳои 6-8 август Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои хабарнигорони телевизион, радио ва матбуот аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон давраи омӯзишӣ баргузор мекунад. Ин чорабинии серӯза дар ҳамкории зич бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» гузаронида мешавад.

Зимнан 15 хабарнигор аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон имкон пайдо мекунанд, ки сатҳи дониши худро оид ба бемории сил ва вазъи эпидемиологии он дар Тоҷикистон баланд бардоранд. Барномаи тренинг ба коҳиши доғгузорӣ дар робита ба мушкилоти сил ва таҳияву нашри иттилооти илман асоснок оид ба ташхис ва муолиҷаи ин бемории дармонпазир равона шудааст.                        

Хабарнигорон доир ба роҳҳои муосири ташхис, муолиҷа ва нигоҳубини беморони сил, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ зимни таҳияи матолиби мавзуӣ ва масъулиятшиносии иҷтимоӣ ҳангоми инъикоси мушкилоти марбут ба ҳифзи саломатии ҷомеа дар ВАО маълумоти мукаммал ба даст оварда метавонанд. Ин тадбир ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба бемории сил тавассути ВАО, ҳамчунин истифодаи далелҳои илмӣ ва усули бидуни доғгузорӣ дар мубориза бо устураҳо пиромуни сил равона шудааст. Давраҳои омӯзишии муассисаҳои давлатии зиддисилӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ба роҳандозии муносибати ботаҳаммул нисбат ба одамони осебпазир ва беҳтар кардани натиҷаҳои табобати бемории сил дар Тоҷикистон равона шудааст.

Мақсади Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил коҳиши сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқшудаи он дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кӯмаки тиббии ба бемор равонашуда, ҳамчунин тақвияти таҳлилгоҳу дигар бахшҳои тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Барнома бо буҷаи пешбинишудаи 13,2 миллион доллари ИМА барои панҷ сол боз як мисоли кӯмаки Ҳукумати ИМА баҳри беҳтар кардани саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Кӯмакҳои грантии USAID ба Тоҷикистон ҳоло ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 30 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 30% ба соҳаи тандурустӣ равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.