Ҳунарнамоии муваффақонаи Оркестри филармонии Чин дар Душанбе



Оркестри филармонии Чин иборат аз 120 нафар рӯзи 6 август дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе ҳунарнамоӣ карданд. Сафари чунин оркестрҳо ба Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад.

Дар сухани шодбошии худ сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун изҳор намуд, ки ин консерт дар чаҳорчӯби чорабиниҳо ба муносибати амалисозии ташаббуси Чин дар бораи ташкили ҳалқаи иқтисодии Роҳи Абрешим ва 70-солагии Ғалаба бар фашизм баргузор мешавад.

Сафари оркестр бо чунин ҳайат – 120 нафар гоҳ-гоҳ ба ҷумҳурии мо сурат мегирад ва аз ин рӯ, ҳаводорони мусиқии классикӣ аз ин фурсат истифода бурда, аз ҳунарнамоии мумтозонаи мусиқачиёни Чин баҳра бурданд.

Дар ин консерт муовини нахуствазири кишвар, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва намояндагони як қатор сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд. Баъди консерти нахустин дар Душанбе Оркестри филармонии Чин бо сафарҳои ҳунарӣ ба Бишкеку Алмаато ва сипас ба дигар шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ раҳсипор мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное