Муноқишаи навбатӣ дар марз: сарҳадбони қирғиз ҷароҳат бардошт

Дар мавзеи Қочо-Қарини ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд дар қитъаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 8 август муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он як марзбони қирғиз ҷароҳати сабук бардошт. Маркази матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шоми ҳамин рӯз дар ин мавзеи наздики маҳаллаи аҳолинишини Кок-Тош марзбонони қирғиз убури ғайриқонуиии […]

Аваз Юлдошев



Дар мавзеи Қочо-Қарини ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд дар қитъаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 8 август муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он як марзбони қирғиз ҷароҳати сабук бардошт.

Маркази матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шоми ҳамин рӯз дар ин мавзеи наздики маҳаллаи аҳолинишини Кок-Тош марзбонони қирғиз убури ғайриқонуиии сарҳад аз ҷониби 15 нафар шаҳрвандони тоҷикро пешгирӣ намуда, 1 нафари онҳоро боздоштаанд ва боқимонда ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми ба қароргоҳи дастаи сарҳадбонӣ бурдани боздоштшуда аз қаламрави Тоҷикистон афроди номаълум сӯи онҳо эҳтимолан аз милтиқ оташ кушодаанд, ки дар натиҷа як марзбони қирғиз аз соқи пояш ҷароҳати сабук гирифтааст. Ба марзбони захмишуда кумаки тиббӣ расонида  шуда, айни замон ӯ дар бунгоҳи тиббии дастаи сарҳадбонӣ қарор доштааст ва вазъи солимиаш қаноатбахш аст.

Ба иттилои манбаъ, баъди ин ҳодиса таъҷилан вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардида, дар он намояндаи Қирғизистон тақозо намудааст, ки шахсони гунаҳкор дар ин қазия ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбати қонуншиканиҳо дар марз чораҷӯӣ шавад.

Намояндаи Тоҷикистон изҳор намудааст, ки дар робита ба ин ҳодиса ҷиҳати ҷустуҷӯву боздошти шахсони ба сӯи марзбонони қирғиз оташкушода тадбирҳо рӯйи кор гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон  орому амн аст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Тоҷикистон аз ин ҳодиса огоҳ карда шудааст. «Аз рӯи санҷише, ки дар мавриди ин ҳодиса гузаронида мешавад, қарори дахлдор қабул хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.