Таҷлили ҷашни Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамасола 10 август дар кишвар Рӯзи варзишгарон – иди дӯстдорони варзиш, иди варзишгарони касбӣ ва мураббиён, ҳамаи кормандони соҳа, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, инчунин собиқадорону ҳаводорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим таҷлил мегардад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамаи варзишгаронро бо ин ҷашн муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, пирӯзӣ ва барори […]

ASIA-Plus



Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамасола 10 август дар кишвар Рӯзи варзишгарон – иди дӯстдорони варзиш, иди варзишгарони касбӣ ва мураббиён, ҳамаи кормандони соҳа, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, инчунин собиқадорону ҳаводорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим таҷлил мегардад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамаи варзишгаронро бо ин ҷашн муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, пирӯзӣ ва барори кор орзу мекунад.

«Роҳхати гурзандоз Дилшод Назаров ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бузургтарин дастовези варзишгарони тоҷик ба иди касбиашон аст», – омадааст дар хабари Кумита ба ин муносибат.

Гуфта мешавад, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш бахшида ба иди касбиашон баргузор мешавад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.