Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 17 август таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати корӣ доир гардида, дар он масъалаи ба истифода додани иншоот ба муносибати ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ба мунсибати ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти кишвар дар шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 1 млрд. сомонӣ як қатор иншооти гуногуни таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, зиёда аз 1 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин карда мешаванд. Дар машварат ҳамчунин масъалаи омодагии шаҳри Душанбе ба нишасти сарони кишварҳои узви СААД, ки рӯзи 15 сентябр доир мегардад, низ баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни машварат раиси пойтахт аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон даъват кардааст, ки оид ба шароити кор дар тамоми корхонаҳои шаҳр санҷиши ҳамаҷониба гузаронида, бобати таъмини ҳуқуқҳои коргарон тадбирҳои амалӣ андешида шавад.
Зимнан зикр гардид, ки раиси пойтахт ҳамчунин ба масъалаҳои саривақт аз қаламрави пойтахт берун бурдани партовҳои маишӣ ва омодагии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр ба соли нави хониш низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.



