Адвокатҳои Тоҷикистон иттиҳодияи худро таъсис доданианд

Адвокатҳои тоҷикистонӣ иттиҳодияи худ – Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистонро таъсис доданианд. Раиси Колеегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои 17-18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузории нахустин анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон дар назар аст, ки дар кори он 50 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Ба гуфтаи ӯ, дар […]

ASIA-Plus



Адвокатҳои тоҷикистонӣ иттиҳодияи худ – Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистонро таъсис доданианд.

Раиси Колеегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои 17-18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузории нахустин анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон дар назар аст, ки дар кори он 50 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин чорабинӣ қабули қарор дар бораи таъсиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. «Дар анҷуман раиси Иттифоқ ва муовинони ӯ, аъзои Раёсати Иттифоқ интихоб шуда, ҳамчунин Оинномаи Иттифоқ қабул мешавад», – иброз дошт Б.Ёров.

Номбурда қайд кард, ки таъсиси чунин иттиҳодияе дар нақша аст, ки тамоми адвокатҳои кишвар, сарфи назар аз узви ин ё он коллегияи адвокатҳо будани онҳо, аъзои он шуда тавонанд.

«Дар навбати аввал вазифаи Иттифоқ беҳбуди сифати кори адвокатҳо ва такмили сатҳи тахассусии онҳо аст. Дар ҷаҳони муосир ба фаъолияти адвокатӣ талаботи нав илова шудааст, ки мебояд ба онҳо мутобиқат кард. Масалан, имрӯз дар кишвари мо ширкатҳои хориҷие фаъолият доранд, ки баъзан ба баҳсҳои судӣ дучор меоянд. Барои фаъолияти пурсамари адвокатӣ дар шароити муосир, адвокат ҳадди ақал бояд се забони хориҷиро донад», – таъкид дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 1,6 ҳазор нафар адвокатҳо фаъолият доранд, ки зиёда аз 1,4 ҳазор нафари онҳо ба коллегияҳои гуногуни адвокатӣ муттаҳид шудаанд ва 180 нафар адвокатҳо бар асоси иҷозатномаи Вазорати адлия фаъолияти худро тариқи инфиродӣ ба роҳ мондаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.