Таркиши мудҳиш ва сӯхтори бузург дар Ӯзбекистон

Тақрибан соатҳои 9-и шоми рӯзи 24 август дар нуқтаи фурӯши гази «Роҳат» дар наздикии Тошканд таркиши мудҳише рух дода, дар пайи он сӯхтори бузурге сар зад, ки нуқтаи фурӯши газро нобуд сохт. Дар ин бора хадамоти ӯзбекии Ca-News иттилоъ медиҳад. Бино ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон, алангаҳои сӯхтор аз аксари ноҳияҳои пойтахти Ӯзбекистон ҳам ба назар […]

ASIA-Plus



Тақрибан соатҳои 9-и шоми рӯзи 24 август дар нуқтаи фурӯши гази «Роҳат» дар наздикии Тошканд таркиши мудҳише рух дода, дар пайи он сӯхтори бузурге сар зад, ки нуқтаи фурӯши газро нобуд сохт. Дар ин бора хадамоти ӯзбекии


Ca-News


иттилоъ медиҳад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон, алангаҳои сӯхтор аз аксари ноҳияҳои пойтахти Ӯзбекистон ҳам ба назар намоён будааст. Ин нуқтаи фурӯши газ дар роҳи мошингарди Тошканд – Алмалиқ, 5 километрии пойтахти Ӯзбекистон воқеъ буда, шоҳидони ҳодиса изҳор кардаанд, ки сӯхтор муддати 2 соат давом доштааст.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки бар асари сӯхтор талафоти ҷонӣ низ мавҷуд буда, аксари осебдидагон ба бемористони 16-уми шаҳр мунтақил шудаанд. Корбари шабакаи иҷтимоӣ Шарип Сапаев шоми рӯзи 24 август дар видеохостинги Youtube навори видеоӣ бо сабти сӯхтор дар нуқтаи фурӯши гази «Роҳат»-ро гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 12news.uz бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки «бар асари таркиш дар лӯлаи газ дар ҷойи беодам, сӯхтор ба амал омада, аз ин ҳодиса ҳеҷ касе осеб надидааст». Хабаргузорӣ ҳамчунин таркиш дар нуқтаи фурӯши газ ва ҳалокшудагон бар асари онро рад мекунад.

https://www.youtube.com/watch?v=h_NY2e05ils

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.