Хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Эрон зиёд мешаванд

Мақомоти марбут ба алоқаи ҳавоии Тоҷикистону Эрон оид ба афзоиши шумори парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои кишварҳо ба мувофиқа расиданд. Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон миёни мақомотҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва авиатсияи граждании Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ёддошт ба имзо расид. […]

Пайрав Чоршанбиев



Мақомоти марбут ба алоқаи ҳавоии Тоҷикистону Эрон оид ба афзоиши шумори парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои кишварҳо ба мувофиқа расиданд.

Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон миёни мақомотҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва авиатсияи граждании Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ёддошт ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи ин санад, акнун вобаста ба мавҷуд будани мусофирон, ҳар ҳафта миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон даҳ парвози ҳавопаймоҳо сурат мегирад.

Парвозҳои мунтазам тариқи хатсайрҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва «Осмон Эйр» ва «Меҳан Эйр»-и Эрон анҷом дода мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, айни замон миёни Тоҷикистону Эрон ду хатсайри ҳавоии мунтазам амал мекунад. Рӯзи якшанбеи ҳар ҳафта ширкати «Тоҷик Эйр» парвоз тариқи хатсайри Душанбе – Теҳрон – Душанбе ва рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта ширкати «Осмон Эйр» парвоз тавассути хатсайри Машҳад – Душанбе – Машҳадро ба иҷро мерасонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.