Сарбози пойгоҳи низомии Русия ба таксирони тоҷик бо корд дарафтод

Сарбози пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бо корд ба сокини шаҳри Қурғонтеппа дарафтода, дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сершумор бардоштааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон хабар дод, ин ҳодиса нимаи рӯзи 21 август дар қаларави ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар рух додааст. Дмитрий Толстой, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии пойгоҳи низомии 201 […]

Сайраҳмон Назриев



Сарбози пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бо корд ба сокини шаҳри Қурғонтеппа дарафтода, дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сершумор бардоштааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон хабар дод, ин ҳодиса нимаи рӯзи 21 август дар қаларави ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар рух додааст.

Дмитрий Толстой, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии пойгоҳи низомии 201 дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо чандин зарби корд таксирони 24-сола, сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қӯрғонтеппа Тоҳир Султоновро маҷрӯҳ кардааст.

Ронандагоне, ки аз назди ҷойи ҳодиса гузар доштаанд, ба ҷабрдида кумак карда, ӯро ба бемористон овардаанд ва то ҳозир шудани кормандони мақомоти интизомӣ, сарбози русро низ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ Файзалӣ Ҷумъаев, таксирон Тоҳир Султонов дар ҳолати вазнин, бо захмҳо дар гардапну сар ва дастон ба бемористон оварда шудааст. Ӯ дарҳол ҷарроҳӣ шуда, баъди ду рӯз ба палатаи умумӣ гузаронида шудааст. Табибон вазъи солимии ӯро то ҳол вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия Дмитрий Толстой дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 110-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барқасдона расонидани зарари вазнин ҷисмонӣ ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати тафтиши минбаъда ба прокуратураи ҳарбӣ ирсол гардидааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ ду сарбози дигари рус – Илдар Сахапов ва Федор Басимов

дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам шуда,

то ҳоло мурофиаи онҳо идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.