Кумаки Оксфам ба оилаҳои аз сел осебдидаи Тоҷикистон

Ташкилоти Оксфам оилаҳоеро, ки дар натиҷаи сел ва обхезиҳои шадид дар водии Рашт ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб дидаанд, бо маҳсулоти ғайриозуқа таъмин намуд. Ташаббуси зерин дар ҳамкории  зич бо  мақомотҳои маҳаллӣ, ҷамоа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Фокус Кӯмаки башардӯстона ва Агроаксияи Олмон амалӣ гардонида шуд. Тавре аз дафтари кории Оксфам дар Душанбе хабар доданд, […]

Иттилоияи расмӣ



Ташкилоти Оксфам оилаҳоеро, ки дар натиҷаи сел ва обхезиҳои шадид дар водии Рашт ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб дидаанд, бо маҳсулоти ғайриозуқа таъмин намуд. Ташаббуси зерин дар ҳамкории  зич бо  мақомотҳои маҳаллӣ, ҷамоа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Фокус Кӯмаки башардӯстона ва Агроаксияи Олмон амалӣ гардонида шуд.

Тавре аз дафтари кории Оксфам дар Душанбе хабар доданд, кӯмаки башардӯстонаи мазкур дар доираи Барномаи Оксфам оид ба Коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ сурат гирифт, ки ин лоиҳа аз тарафи Барномаи Шӯъбаи кӯмаки башардӯстонаи фонди Комиссияи Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ маблағгузорӣ гардида мешавад.

«Оксфам яке аз таъминкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар таъмини кӯмаки башардӯстона ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Кадом вақте, ки набошад ва дар кадом ҷое, ки набошад ҳангоми вуҷуд доштани эҳтиёҷмандӣ замони сар задани ҳолатҳои фавқулодда, Оксфам ба он бо истифода аз  тамоми захираҳои мавҷуда вокуниш нишон медиҳад», – арз намуд, Боян Колундзия, Директори Оксфам дар Тоҷикистон.

Моҳи июли соли 2015 селҳои сарзада дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ва боришоти шадид ҳадди аққал ҷони ҳафт нафар одамро рабуда, зиёда аз 7000 нафар аз он зарар диданд. Ҳамзамон ба инфрасохтори асосии кишвар низ зарари назаррас расонида шуд. Минтақаҳои бештар аз офати табиӣ осебдида ин водии Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.