Иди «Асал ва харбуза» дар шаҳри Душанбе

Ҳамасола  охири моҳи август дар саросари Тоҷикистон иди “Асал ва харбуза” бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол ин ид дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 август ҷашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати […]

ASIA-Plus



Ҳамасола  охири моҳи август дар саросари Тоҷикистон иди “Асал ва харбуза” бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.


Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол ин ид дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 август ҷашн гирифта мешавад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шуданд.

Ҷашни “Асал ва харбуза 2015” имсол дар “Маҷмааи савдои Пойтахт-90, КВД “Бозори Шоҳмансур”, КВД “Бозори Саховат”, майдони назди “Карияи Боло” ва КВД “Бозори Деҳқон” баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои асал ва харбуза пешкаши харидорон карда мешавад.

Тибқи нақшаи таҳиянамудаи Вазорати кишоварзӣ дар Маҷмааи “Пойтахт-90” кишоварзони вилояти Суғд, дар КВД “Бозори Шоҳмансур” кишоварзони вилояти Хатлон, дар КВД “Бозори Саховат” кишоварзони минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, дар майдони назди бозори “Қарияи Боло” кишоварзони ноҳияҳои тобеи марказ шаҳру ноҳияҳои Файзабод, Роғун, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол” ва дар КВД “Бозори Деҳқон” кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ҷой дода мешаванд.

Боиси зикр аст, ки беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин, муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии харидорону тамошобинон барномаҳои рангину хотирмони консертӣ омода намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.