Рутбаи генерал-майор ба 5 намояндаи сохторҳои қудратӣ

Бо фармонҳои худ имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 5 нафар намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаи навбатии генерал-майор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба поковники адлия Сафаралӣ Мирзозода– муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд. Ҳамчунин полковники милитсия Бароталӣ Ҳамидзода – сардори Воҳиди […]

ASIA-Plus



Бо фармонҳои худ имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 5 нафар намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаи навбатии генерал-майор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба поковники адлия Сафаралӣ Мирзозода– муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд.

Ҳамчунин полковники милитсия Бароталӣ Ҳамидзода – сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия»,  полковники милитсия Хуршед Муҳаммадзода – сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия» ва полковники хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода – сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори хизмати дохилӣ» сарфароз гаштанд.

Гуфта мешавад, ба полковник Амирбек Бегназаров -сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ рутбаи ҳарбии «Генерал-майор» дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.