Ташрифи муовини ёвари Котиби давлатии ИМА ба Душанбе

Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба робита бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дэниэл Розенблум бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад. Дар ҷараёни сафар ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оид ба баррасии як қатор маҷмӯи масоили дуҷониба ва байнулмилалӣ дидору […]

Аваз Юлдошев



Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба робита бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дэниэл Розенблум бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни сафар ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оид ба баррасии як қатор маҷмӯи масоили дуҷониба ва байнулмилалӣ дидору гуфтушунид карда, ҳамчунин бо намояндагони созмону ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ вохӯриҳо доир карданист.

Даниэл Розенблум  муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба робита бо кишварҳои  Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки қаблан моҳи феврали соли ҷорӣ низ Дэниэл Розенблум аз Тоҷикистон боздид намуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.