Бар асари 2 садамаи нақлиёт, ки рӯзи 4 август дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Тавилдара рух доданд, 5 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 63-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сомониён ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол – писарчаи 2-сола ва марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, баъдан ба канори роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, мусофираш марди 60-сола ва пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин пиёдагарди дигар ва мусофири дохили автомашинаи мазкур марди 59-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Галопер”, марди 30-солаи сокини ноҳияи Тавилдара ҳангоми ҳаракат дар мавзеи пуштаи “Чошт”-и ноҳияи мазкур, берун аз роҳи нақлиётгард автомашинаро ба чуқурии 500-метр чаппа намудааст. Дар натиҷа ронанда ва мусофири дохили автомашина, зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дигар мусофирони автомашинаи мазкур марди 27-сола, писарчаи 7-сола ва ҷавони 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.