Қирғизистон ҳифзи марзаш бо Тоҷикистонро пурзӯр намуд



Дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд. Дар ин бора ба ба бахши қирғизии радиои Озодӣ сухангӯи Хадамоти марзбонии ин кишвар Гулмира Борубоева хабар додааст.

Бино ба маълумоти ӯ, марзбонони қирғиз бо ҳамтоёни тоҷики худ мудом дар тамосу ҳамкорӣ буда, аз онҳо оид ба вазъ маълумоти фаврӣ дастрас мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба рӯйдодҳо дар Тоҷикистон ба кормандони мақомоти милисаи вилояти Ботканди ҳаамарз бо кишвари ҳамсоя низ дастуру супоришҳои махсус дода шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное