Рӯзи 5 сентябр бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳли адаб, собиқадорон ва занону ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Ҷамъомади тантанавиро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ мардуми вилояти Суғдро аз номи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба мардуми вилояти Суғд сарбаландиву саодати рӯзгорро таманно намуд.
Чуноне гуфта шуд, имрӯзҳо пиру барнои кишвар Рӯзи истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва бо рӯҳияи баланди идона истиқбол мегиранд. Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин, азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёт мебошад.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ дар навбати худ кулли сокинони вилоятро бахшида ба иди Истиқлолият табрик гуфта, барои сокинон хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.
Дар фароварди ҷамъомад ба як қатор хизматчиёни давлатӣ ва пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла 12 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Шафқат ва 4 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.



