Дар нишасти имрӯзаи сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки дар мубориза бо таҷовузи террористӣ Русия ҳукумати Сурияро имрӯз ва минбаъд низ дастгирӣ мекунад.
«Дигар давлатҳоро ҳам даъват мекунем, ки ба мо ҳамроҳ шаванд», – гуфт Путин ва қайд кард, ки «бидуни иштироки фаъолонаи ҳукумати Сурия ва низомиёну артиши ин кишвар ғалаба бар террористон ғайриимкон аст».
Президенти Русия таъкид дошт, ки вазъ дар Сурия «хеле ҷиддӣ» аст. «Ба истилоҳ Давлати исломӣ қисмати назарраси Сурияро таҳти назорат дорад. Ин барои мо хеле ташвишоовар аст, гузашта аз ин, дар сафҳои Давлати исломӣ ҷангиёни бисёр кишварҳо, аз ҷумла Русия ва собиқ кишварҳои шӯравӣ аз нигоҳи идеологиву омодагии ҷангӣ таълим мегиранд ва аз имкони бозгашти онҳо ба қаламрави кишвар нигаронем», – иброз дошт ӯ.
Путин пешниҳод кард, ки «ҷоҳталабиҳои сиёсӣ як сӯ гузошта шуда», эътилоф ташкил карда шавад, ки «бояд ҳамаро, ки воқеъан ҳам ба мубориза бо терроризм саҳм гузоштанианд, муттаҳид намояд».
Сарвари давлати Русия иттиҳомот алайҳи кишвараш дар робита ба он, ки иштироки Маскав дар корҳои Сурия ба афзоши гурезагон ба Аврупо боис шудааст, беасос хонд.
«Мардум аз Сурия пеш аз ҳама аз амалиёти низомӣ фирор мекунад, ки бештар аз хориҷа тариқи таъмин бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва техникаи махсус таҳмил шудаааст. Одамон аз ваҳшонияти террористон мегурезанд, мо огаҳем, ки онҳо дар он ҷо чӣ гуна ваҳшониятҳое содир карда истодаанд, мероси фарҳангиро нобуд мекунанд. Агар Русия Сурияро дастгирӣ намекард, вазъ дар ин кишвар бадтар аз Либия ва шумори гурезагон низ бамаротиб бештар мешуд», – чунин мешуморад Путин.


