Ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон афзуд

Date:



Тӯли 8 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон қариб 18% афзуд. Тайи солҳои ахир талабот ба ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

бемайлон зиёд мешавад.


Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ҳудуди 220 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 35 ҳазор тонна тонна бештар мебошад.

Аз ҷумла моҳи августи соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 38,7 ҳазор тонна гази моеъ оварда шудааст, ки нисбат ба моҳи августи соли гузашта 16,3  ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тоҷикистон маъмулан гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон гази моеъ ҳамчунин аз Русия ва Туркманистон низ ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта – 40%) бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Тайи се соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 2,6 маротиба – аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 295 ҳазор тонна дар соли 2014 афзуд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...