Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ба муносибати фарорасии «Иди Қурбон» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ оварда шуданд. Меваю сабзавоти тару тоза себу ангур, ноку шафтолу ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум: пиёзу картошка, караму сабзӣ, биринҷ, нахуд, гушту тухм, асал, тарбуз, каду, кабудӣ дар муқоиса бо нархи бозор 50 % арзонтар пешкаши харидорон гардид.
Гуфта мешавад, дар ин ярмарка 70 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешкаш гардида, як килограмм гушт 20 сомонӣ, асал аз 20 то 30 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, себу нок ва ангур аз 2 то 5 сомонӣ, картошкаю пиёз ва сабзӣ бо нархи 1 сомонӣ, тарбуз, каду 2-3 сомонӣ, 1 дона тухм 40 дирамро ташкил медод.
Зимнан зикр мегардад, ки харидорон барои ташкили чунин ярмарка ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, бо хариди маводи аввалия дастархони идонаи худро дар арафаи Иди Қурбон боз ҳам ғанитар гардониданд.


