Президент ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандон мукофотҳои давлатӣ супурд

Имрӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии Сарвари давлат бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баъди садои суруди миллӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии Сарвари давлат бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баъди садои суруди миллӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки барои таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон саҳми беназир гузоштаанд, доир гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд, ҷасорату фидокорӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ як зумра хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандон, ки хизмати содиқона ва ҷонфидоӣ кардаанд, мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ордени Спитемен дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени Шараф, медали Ҷасорат, рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Ба наздикону пайвандони 14 нафар корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат расидаанд, баъди марг ва ба 1 нафар захмӣ орден ва рутбаи навбатии ҳарбӣ тақдим карда шуд.

Баъди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ карда, изҳор дошт, ки ин ҷамъомад ба хотири анҷоми муваффақонаи амалиёти махсус, ки рӯзҳои 4-16 – уми моҳи сентябр барои дастгир ва безарар гардонидани хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик гузаронида шуд, доир гардида истодааст.  

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки хушбахтона, мақсади нопоку хиёнаткоронаи хоинон ва хоҷагони хориҷиашон ба шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд ва нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт.

Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсӣ, ки дар амалиёти мазкур далерона иштирок карда, рисолат ва қарзи фарзандии худро дар назди  модар – Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро намуданд, аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат бори дигар миннатдории самимӣ изҳор кард.

Президенти мамлакат ба аҳли оила, наздикону пайвандони  сарбозону афсароне, ки бар зидди дастаи террористӣ ва душманони халқу Ватан далерона ба набард бархоста, ҳангоми  адои вазифаи хизматӣ ҷони ҷавони худро аз даст додаанд, изҳори тасаллият карда, таъкид намуд, ки шуҷоату далерии онҳо аз хотираи мардуми тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Чорабинии имрӯзаро гузашти низомии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воҳидҳои зудамал, воҳидҳои танкӣ, артиллерия ва Оркестри ҳарбии муттаҳидаи Вазорати мудофиа ва гвардияи миллӣ анҷом бахшиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер