Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар доираи амалисозии лоиҳаи азнавсозии хиёбони Ҷаббор Расулови пойтахт (аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Раҳмон Набиев) дарахтоне, ки ба азнавсозии роҳи мошингард монеъа эҷод мекунанд, бурида мешаванд.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин қарор бар асоси тавсияҳои раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» ва ҳамчунин комиссияи ҷамъиятӣ қабул шудааст.
Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдори шаҳрдорӣ супориш дод, ки ба ҷойи дарахтони бартарафшуда ниҳолҳои нави мутобиқ ба талаботи меъёрҳои экологии шаҳр шинонанд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дарахтони бартарафшаванда дар ҳаҷми умумии 286 м3 ба тавозуни ноҳияи Сино гузаронида шаванд.


