AI: Бузургмеҳр Ёров метавонад мавриди шиканҷа қарор гирад

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) изҳори нигаронӣ мекунад, ки Бузургмеҳр Ёров, адвокати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, ки ба иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуд, метавонад мавриди шиканҷа ва рафтори бераҳмона қарор гирад. Дар изҳороти рӯзи панҷшанбе интишоршудаи AI  дар ин робита гуфта мешавад, айбномаҳо нисбати Ёров яқинан ангезаи сиёсӣ дошта, ҳадаф аз он маҳдуд […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) изҳори нигаронӣ мекунад, ки Бузургмеҳр Ёров, адвокати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, ки ба иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуд, метавонад мавриди шиканҷа ва рафтори бераҳмона қарор гирад.

Дар изҳороти рӯзи панҷшанбе интишоршудаи AI  дар ин робита гуфта мешавад, айбномаҳо нисбати Ёров яқинан ангезаи сиёсӣ дошта, ҳадаф аз он маҳдуд сохтани дастрасии адвокат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аст.

«Пас аз ҳабси фаъолони ҲНИТ давоми рӯзҳои 16-17 сентябр, рӯзи 28 сентябр кормандони ВКД Бузургмеҳр Ёровро, ки ҳимоя аз манфиатҳои чанде аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро ба уҳда гирифт, низ боздошт намуданд. Ӯ ба иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт гардид. Ин айбномаҳо ба ҲНИТ ва фаъолияти он алоқамандӣ надоранд, вале парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ин ҳушдорест ба дигар адвокатҳо, то ки ҳимоя аз манфиатҳои фаъолони ҳизби фаъолияташ манъшударо ба дӯш нагиранд», – қайд мешавад дар изҳороти мазкур.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин аз он нигаронанд, ки «Бузургмеҳр Ёров таҳти таҳдиди шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона қарор дорад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои ба даст овардани баёнотҳои иқроршавӣ тез-тез аз он истифода мекунанд».

Amnesty International хотиррасон менамояд, ки бо ин амалҳо ҳукуматдорон Усул (Принсип)-и 22-и Усулҳои асосии СММ дар бораи нақши адвокатҳоро риоя намекунанд, ки дар он гуфта мешавад, ҳукумат хусусияти махфӣ доштани ҳама гуна муносибат ва машварат миёни ҳуқуқшиносон ва мизоҷони онҳоро дар доираи муносибатҳои касбии онҳо эътироф ва таъмин мекунад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29 сентябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як маълумот адвокат Бузургмеҳр Ёровро

ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд

муттаҳам кард. Рӯзи дигар ВКД оид ба

далелҳои нави қаллобии адвокат

хабар дод. Санаи 1 октябр бошад, ВКД

сабаби барканор шудани адвокат

Бузургмеҳр Ёров аз кор дар мақомоти милисаро шарҳ дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.